ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН
САРҲАДИ КУШОДА
Ҳашт қиссаи кирокаши оддӣ
ОҒОЗИ СУХАН
Ўзбекистон-Точикистон:
аз ғуруб то рӯшноӣ
(Таърихи як "Ҷанги сард")
Шояд боз солҳои дигар мегузаранд, то он фурсате ки баҳсҳои сиёсатшиносону журналистон ва коршиносони ҳамаи соҳаҳо идома меёбад дар мавриди он ки дар фосилаи гузариши ду ҳазорсола дар маркази қитъаи АвроОсиё чӣ ҳодисаҳо шуда гузашт. Аслан воқеае шуд, ки ғайриоддӣ ва барои инсоният бегона ва ба мантиқи ҳодисаҳо номувофиқ аст. Ду халқи ба ҳам бародар, ки асрҳои аср канори ҳам дар сулҳу осоиштагӣ зиста, фарҳангу ақидаи ягона доранд, дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз ҳам ҷудо зиста, ноумедона аз якдигар дур шуданд.

Дар таърихномаи боло мо бесабаб номи "ҷанги сард"-ро нагузоштем. Дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ҳамаи аломатҳои ҳамон "ҷанги сард"-е, ки мо дар китобҳои таърихи ҷаҳон хондаем, мушоҳида мешавад. Ҳамаи нишонаҳо, ҳатто аломатҳои буёди девори сарҳадӣ низ дида мешавад. Агарчӣ он девори кӯтоҳи семетрае, ки дар назди гузаргоҳи сарҳадии Саразм-Ҷартеппа (сарҳади Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ӯзбекистон) бунёдшударо(моҳи феврали соли 2018 он девор барҳам дода шуд) ба девори таърихии Берлин монанд накунем, аммо.... Шумо худатон баъди хондану тамошои ин ҳашт қиссаи кӯтоҳи таъсири он замон аз забони як нафар кирокаш(таксист)-и оддии тоҷикистон асли воқеъаву мушкилотро дармеёбед.

Сиёсатшиносон ва коршиносон дар мақолаҳои худ ба маводҳои Вазоратҳои корҳои хориҷа, суханони роҳбарони давлатҳо, суратҷаласаҳои кадоме аз маҷлисҳо такя мекунанд..... Мо имрӯз дар ин маводи худ на аз президентҳо ва на аз дипломатҳо ёдовар мешавем. ШОҲИДИ ВОҚЕАҲО – манбаи асосии иттилои воқеӣ аст, ки барои журналист зарур мебошад. Кирокаши оддӣ аз шаҳри Хуҷанд Ӯктам Хоҷаев, ки ба минтақаи сарҳадӣ наздик аст. Нафаре мебошад, ки одамонро шунида метавонад. Мусофиронаш – одамоне мебошанд, ки ин "ҷанги сард"-и осиёимиёнагиро аз сар гузаронидаанд. Дар ин нақлҳо ҳама чиз ҷой дорад: ҳаёт ва марг, ишқ ва ҷудоӣ, ашки шодӣ ва дард, ноумедӣ ва албатта умеди нек. Инак, сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон: чӣ гуна буд ва чӣ гуна шуд.

Қиссаи панҷум
Қиссаи шашум
Қиссаи ҳафтум
Қиссаи ҳаштум
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website