Хобгоҳи №3 Академияи тиббии Тошканд солҳои пешин мақоми хоса дошт. То фурсати чунин номгузорӣ шуданаш ин макон Донишкадаи тиббии Тошканд ном дошт ва дар ин бинои нӯҳқабата танҳо донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доштанд.
Барои омӯзиши илму маҳорати табобат ҷавонон аз давлатҳои Африқо, Амрикои лотинӣ, кишварҳои Шарқи наздик, Ҳиндустон ва ҳамаи он давлатҳое, ки Иттифоқи Шӯравӣ бо онҳо робитаи дӯстиву ҳамкорӣ дошту кумак мекард, ба ин ҷо омада таҳсил мекарданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи муҳассилини хориҷӣ кам шуд. Бинои хобгоҳ чандин соли охир холӣ монда буд. Соли 2005 Академияи тиббии Тошканд ташкил ёфт. Акнун то дирӯз дар ин ҷо донишҷӯён аз Россия, Исроил, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Украина, Озарбойҷон ва Эрон таҳсил доштанд. Соли гузашта довталаб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрназар Хусанов имтиҳоноти дохилшавиро бомуваффақона супорид.