Акнун ранҷу азоби нафароне, ки хешовандонашон дар Ӯзбекистон, ё Тоҷикистон буданд, сар шуд. Дидорбинӣ барояшон бо мушкилиҳои печида вобаста шуд. Ашки сӯзони марду зан, ҳатто ҳолатҳои аз ҳуш рафтан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, рӯзҳо дар ҳавои сарду гарм интизори навбат, бо умеди он ки шояд онҳоро барои гузаштан аз сарҳад барои дидорбинии наздиконашон иҷозат медиҳанд, ҳамаи инро Ӯктам бо чашмони худ дидааст.
Агар солҳои вазнини маҳкам будани сарҳад Ӯктам Хоҷаев соатҳо дар интизори мизоҷ буд, имрӯз аз зиёд шудани сафи онҳо лаҳзаи дамгирӣ надорад. Хешу табори солҳо дар суроғи дидори якдигар мондаву дар натиҷаи сиёсати онвақта аз ҳам ҷудогардида - соҳибкорон, донишҷӯён, бемороне, ки танҳо дар Ӯзбекистон муолиҷа ва амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданашон лозим аст, ҳамаи ин одамон ҳар рӯз аз ҳар ду тарафи сарҳад мегузаранд. Дар як рӯз масофасанҷи нақлиёти тамғаи «Опел»-и Ӯктам садҳо километр тай шудани роҳро нишон медиҳад.
Ӯктам зиёд гап намезанад, лекин ҳамсӯҳбаташро шунида метавонад. 20 соли охир аз мусофирони мизоҷаш хеле қиссаву саргузаштҳои зиёд шунидааст. Ҳатто аз рӯи дидаву шунидаҳояш метавонист, дар бораи муносибатҳои тоҷику ӯзбек, марҳилаи вазнини муносибатҳо ва ба эътидол омадану кушодашавии сарҳад ва рӯ ба беҳбудӣ овардани ҳаёти мардум китобе иншо кунад.