Атроф оташу ҳалқаҳои дуд аст. Садои таркиши гулӯла ва тирпарронии кӯтоҳу бонавбат шунида мешавад. Ба ҳаво тайёраҳои ҳарбӣ ва чархболҳо баланд шудааст. Қувваҳои зудамал дар мошинҳои зиреҳпӯш.... Ин ҷо вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Воқеъа моҳи сентябри соли 2018 рух додааст.
Гурӯҳе аз ҷангҷӯён ба ҳудуди кишвар ворид шудаанд. Бо садо додани бонги ҳушдорӣ тамоми ниҳодҳои махсуси қувваҳои ҳарбии ду мамлакат ба по хестаанд. Бори аввал давоми чандин соли охир низомиёни тоҷику узбек бар зидди душмани умумӣ ба ҳам омаданд.
Дар натиҷа душман несту нобуд карда шуд. Ин албатта душмани шартӣ буд ва ҳамаи амалиёти низомӣ дар пойгоҳи ҳарбию таълимии "Чорукдаррон", ки ба маркази маъмурии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд наздик аст, гузаронида шуд.
"Вазъият дар минтақаи мо содда нест ва эҳтимоли ташаннуҷ шуданро низ дорад. Хавотирии мо бештар сари он аст, ки ташкилоту гурӯҳҳои мусаллаҳи иртиҷоиву террористӣ, ки байни он шаҳрвандони кишварҳои мо низ ҳастанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ шудаанд. Мо бояд барои фаврӣ бартараф кардани ҳамаи хавфу хатарҳое, ки аз он тарафи сарҳади ҷанубии мо дида мешавад, бояд якҷоя омода бошему муқовимат нишон дода тавонем. Масъалаи мазкур ҳам барои Ӯзбекистон ва ҳам барои Тоҷикистон муҳим аст. Зеро ин ду давлат дар ҳамсоягӣ буда, ҳарду ҳам вобаста ба шароити ҷойгиршавии ҷуғрофӣ метавонанд бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шаванд", - гуфт, зимни суханронияш дар назди иштирокчиёнги машқи таълимӣ, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода.