Ба нафаре, ки аз иқтисодиёт дур аст, шарҳ додан муҳим нест, ки чӣ гуна савдои наздисарҳадӣ муҳим аст. Он яке аз анъанаҳои садсолаҳо муқарраршуда, шаклҳои муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ мебошад. Хусусан дар шарқ, ки бозор дар он ҷойҳо як қисми фарҳанг, ҷойи муошират ва як намуди барометри муносибатҳо дар ҷомеа мебошад ва албатта ба вазъияти иқтисодӣ низ таъсиргузор аст.
Анборҳои бозор ва мағозаҳо дар вилояти Суғд замони басташавии сарҳадҳо пурра аз молҳои Ӯзбекистон холӣ буданд. Аммо мавқеи ҷуғрофии минтақа чунин аст, ки дар фасли зимистон интиқоли мол аз Душанбе нисбат ба Ӯзбекистон каме мушкилтар аст. Махсусан дар фасли сарди сербориш вақте роҳҳои ағба барфпӯш мегардад, гузаштан душвор мешавад.
Бо вуҷуди ин дар айёми "ҷанги сард" буданд нафарони "боҷуръат", ки молу маҳсулотро шабона бо роҳҳои пинҳонӣ сарҳадро убур карда мегузаштанд, ки ин албатта хеле хатарнок ва ғайриқонунӣ буд. Бештар ба ин кор занҳо машғул буданд ва гурӯҳҳои иборат аз 10-15 нафар, нисфишабӣ аз соати 2-3-и поси шаб бо таваккал ба хавфу хатари пешмеомада баландиву нишебиҳоро канори сарҳадро паси сар мекарданд.