Холатҳое мешаванд, ки беморони вазнин бо касалии диабети қанд муроҷиат мекунанд. Солҳои пеш дар Ӯзбекистон табобат гирифтан душвор буд. Зеро як катор ҳуҷҷатгузориҳоро талаб мекард. То фурсати омодашавӣ беморӣ хурӯҷ мегирифт. Акнун бошад, бисёр осон шуд.
Аз кишвари ҳамсоя бо ташхиси катаракта беморон барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии барқароркунандаи оптикӣ меоянд. Барои ислоҳкунии наздикбинӣ ва дигар намудҳои бемории чашм, ки баъзе намуди он охирин бахши офталмология буда, беморон бештар ба ин ҷо меоянд, зеро айни ҳол дар Тоҷикистон муолиҷааш на чандон пурра бо роҳ монда шудааст. Баъзе беморон бо ҷароҳати вазнини чашм, ё худ диабети қанд ба мо муроҷиат менамоянд.
Пештар шаҳрвандоне, ки дар Ӯзбекистон муолиҷа гирифтан мехостанд, бо сабаби таҳияи дуру дарози раводид, омаданашон тӯл мекашид. Бинобар ин то ба беморхона расидан бемориашон хӯруҷ мекард. Акнун онҳо давоми ҳамагӣ чанд соат ба муассисаҳои тиббии лозима ҳозир мешаванд.
Қувваи биноиро дар Тошканд баргардониданд.
11 марти соли 2014 омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд Субҳӣ Бегматова саҳарии барвақт пеш аз ба кор рафтан дар оина афташро хира дид. Чашми чапаш чизеро дида натавонист. Ӯ ба ташвиш омад ва ба духтур муроҷиат намуд. Баъди ташхис духтурон гуфтанд, ки ба ҷарроҳӣ ниёз дорад ва ҷарроҳиро дар Тоҷикистон не, балки дар беморхонаи кишвари хориҷа бояд гирад. Дар шаҳри Тошканд чунин ҷарроҳӣ гузаронида мешавад, аммо онҷо рафтан душвор аст.
-Маоши омӯзгорон кам аст. Зиндагӣ карда мешавад, аммо пасандоз нест. Маблағ барои муолиҷа бошад, ҳоҷати гап ҳам нест.
Ду моҳ гаштам ва дидам, ки чашми ростам ҳам каме хира шуд. Лампаи болои сарамро ранги бунафш дидам. Дарҳол ба духтури оилавӣ занг задам ва ҳолатамро гуфтам. Доруро таъин карду гуфт, ки пагоҳ ба қабулаш ҳозир шавам. Субҳи барвақт назди духтур рафтам. Аввалин саволи духтур чунин буд:
- Шумо шиносномаи хориҷӣ доред?
Табобат дар Тошканд қулай буда, барои буҷаи оила низ сабук мешавад. Гузашта аз ин аксарият дар Тошканд хешовандони худро доранд, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Субҳӣ Бегматова низ дар ин ҷо шогирдони худро дорад. Ин мазмуни онро дорад, ки хароҷоташ дар масъалаи истиқомат камтар мешавад. Зеро роҳкирои дохилишаҳрӣ ва ҷои хобаш муайян аст.