«Ҳама оилаи хушбахт ба якдигар монандӣ дорад, ҳар як оилаи бадбахт бошад, ба таври худ бадбахт аст» ин гуфтаҳоро як классики рус қариб якуним аср пештар навишта буд. Ин гуфтор ҳануз ҳам аҳмияти худро гум накардааст. Лекин нақли мо акси ин гуфтор мебошад. Қаҳрамони мо Ӯктам Хоҷаев нақлҳои зиёдро аз саргузашти мусофиронаш шунидааст, ки яке ба дигараш монанд аст. Ва сухан дар бораи оилаҳои хушбахт намерафт.
Замони Иттиҳоди Шуравӣ вақте сарҳади байни давлатҳо шартан мавҷуд буд, тоҷикон ва узбекҳо бо ҳамдигар хеле робитаҳои мустаҳкам доштанд. Ба дараҷае риштаи хешутаборияшон печида буд, ки хешутабории нав ба нав байни сокинони ин ду кишвар канда намешуд. Духтарро ба он ҷо ба шавҳар медоданду ба писарони худ аз он ҷо арӯс меоварданд. Баъди баста шудани сарҳад садҳо оилаҳо дар ду тарафи сарҳад монданд.
Сиёсатмадорони он давр падарро аз писар, занро аз шавҳар, фарзандон, дилдодагонро аз якдигар ҷудо карданд. Оилаҳои ҷавон бошанд, побанд ва қурбонии ин ҳолат гардиданд. Арӯс назди номзади худ рафта наметавонист ё баръакс, дар ҳолати арӯсиву домодӣ ҳам омадан, ба хона баргаштанашон мушкил мешуд, зеро барои ин ҳуҷҷатҳои зиёд лозим буд. Ҳатто кор то ҷое расид ки ба тӯю тамошои ҳамдигар хешовандон иштирок намуданашон гайриимкон гардид, ҳол он ки масофа ҳамаги чанд километр буду халос. Баъзе одамон моҳҳо дар интизори раводид буданду баъзеи дигар гайри қонуни кӯшиши убур кардани сарҳадро менамуданд.
Барои ҳамин яке аз афзалияти кушодашавии сарҳадҳо ва бартараф шудани муносибатҳои сардгаштаи ду кишварро халқи оддӣ дар вохӯриву якҷояшавии оилаҳо номиданд.