Қариб ҳамаи саргузашти имрӯза хуб анҷом ёфтааст. Дар ҳақиқат кушодашавии сарҳад байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳаёти мардуми оддиро сабуктар намуд. Лекин мушкилот ҳанӯз ҳам боқист. Гузашта аз ин маълум шуд , ки як гурӯҳи калони одамон, аниқтараш «шахсони бешаҳрвандӣ» аз мадди назар дур мондаанд. Баъди пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон(1992-1997) мавҷи гурезагонро ба миён овард. Аҷобати кор дар он аст, ки «бешаҳрвандӣ» аз насл ба насл мегузаштааст.
- Падару модарам аз Тоҷикистон, фарзандонам бошанд, дар Ӯзбекистон таваллуд шудаанд. Аламовар аст, ки фарзандонамро шаҳрванди ин кишвар ҳисоб намекунанд. Рӯзи гузашта дар мизи шиносномадиҳӣ будам, дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки ба фарзандону набераҳоям шиносномаи бешаҳрвандӣ дода мешудааст, мегӯяд Роҳатой Холиқулова.
Ӯ чор нафар фарзанд дорад. Се писараш бо духтарони ӯзбекистонӣ хонадор шуданду як нафар келинаш аз Тоҷикистон аст. Духтарон мактабро бо баҳои аъло хатм намуданд, лекин онҳоро ҳатто ба завод ба кор қабул намекунанд. Набераҳояш коллеҷро аз рӯи ихтисоси кафшергар ва ронанда хатм карданд.
Шахсони бешаҳрвандӣ на танҳо дар нуқтаҳои назоратии гузаргоҳи сарҳадӣ ва бо ҷои кор таъмин шудан бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, инчунин муаммо дар ақди никоҳ низ ҷой дорад.
- Як писарамро то дер хонадор карда натавонистем, мегӯяд Роҳатой. Касе ба шахси шиносномааш бешаҳрвандӣ духтар додан намехост.
Ҳолати баамаломада ҳатто ба шумораи ҷудошавии оилаҳо низ бетаъсир намонд. Баъзе оилаҳо солҳои дароз сарҳадро гузашта наметавонистанд. Ҳолатҳое мешуданд, ки арӯси ҷавон ба хонаи падараш барои ба тартиб овардани ҳуҷҷат мерафту, баргашта наметавонист. Шавҳараш бошад, ду – се сол интизор мешуду оқибат барои ҷудошавӣ ариза мекард. Шумораи кӯдакони танҳо, бепадар ё бемодармонда беҳисоб аст.
Дар бештари маврид ин гуна одамон хешовандону наздикони худро барои ба роҳи охират гусел намудан ҳам имконият надоштанд. Дар сарҳад низ бо онҳо муомилаву муносибат сахт буд.